Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд

6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ саривақтӣ буда, он сабаби бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ ба сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.

Айни замон бо фаъол гардидани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон сокинон сангҳои ороишии истеҳсоли корхонаро бе харҷи зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ ба дастгирии бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин гармхона барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ сохта шуда, дар оянда дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: