Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Ҳакимов аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои дастгоҳи марказии хадамоти мазкур Ф. Азизов барои омода ва пешниҳод намудани иҷозатнома аз шаҳрванд «А» 8500 сомонӣ талаб кардаанд. Номбурдагон аз ин ҳисоб қаблан маблағи 6800 сомонии онро гирифта, боз овардани 1700 сомонии дигаро талаб намуданд.
«12 июни соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ф. Ҳакимов баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 1700 сомонӣ дастгир карда шуд. Ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд»,-илова намуд манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ф. Ҳакимов ва Ф. Азизов бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
АМИТ «Ховар»