Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Тошканд сафар кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз бо сафари расмӣ ба  Ӯзбекистон  сафар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Ҳокими  ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  истиқбол гирифт,- иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».

Ин аввалин сафари аввалини хориҷии Рустами Эмомалӣ пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳокими шаҳри Тошканд  иҷрои бандҳои  Созишномаи ҳамкорӣ байни роҳбарони ду пойтахтро,  ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018  ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон  моҳи августи соли гузашта  ба имзо расида буданд, баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ,   фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкории ду шаҳр барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафари Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 4 декабр идома ёфта, дар ин сафар ба ҳайати  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла  муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони зерсохторҳои ин мақомот шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи марти соли 2018  27 созишнома   ба  имзо   расид, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни он байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ Созишнома ба имзо расид. Ба ин Созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек  Усмонов   имзо гузошта  буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: