Бонки миллии Тоҷикистон «Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо»- ро роҳандозӣ намуд. Низоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ ҷорӣ гардид. Ҳадафи низоми мазкур рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ намудани низоми пардохтӣ ба талаботи замон ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, низоми нав дар асоси технологияҳои муосир сохта шуда, ба стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Он дорои як қатор бартариятҳо, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо дар давоми рӯзи амалиётӣ, дорои модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат аст.
Низоми зикргардида самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии мамлакатро афзун намуда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳоло ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли пардохтҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) бо сураъти баланд ва бетаъхир анҷом дода мешаванд.
АМИТ «Ховар»