Бар асари садамаи нақлиётӣ 4 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд

Ронандаи  мошини  тамғаи  «Хундай Голопер»,  сокини 28-солаи  деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Нозим Маликмамадов   ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ишкошим-Лангар-Тускул», дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, онро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар натиҷаи  садамаи мазкур мусофирони мошин — Гулмамад Савлатови  65-сола, Санавбар Савлатови 37-сола, Гулбоғ Саидбекова ва Абдулмамад Савлатови  59-солаҳо,  сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд.

Ронанда ягон ҷароҳат набардошта, мусофири дигар  Аловат Солиеви 45-сола, сокини деҳаи номбаршуда, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

АМИТ  «Ховар»

Tags: