Дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва СААД дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд

17 июли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаи ҳамкорӣ миёни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо таъкид ба ҳамкории дуҷонибаи ду ниҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли СААД Валерий Семериков, сардори Шуъбаи СААД-и департаменти якуми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег Кравченко ва ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Назарзода даъват шуда буданд.

Зимни суханронии худ В.Семериков ба вазъият дар Афғонистон, ки дар таъмини суботи пойдор ва амният ҳам дар минтақаи СААД ва ҳам дар минтақаи САҲА нақши муҳим дорад, аҳамияти махсус зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки дар доираи Созмон «Феҳристи иқдомҳои иловагӣ ҷиҳати коҳиш додани таниш дар сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистон» муфассал коркард ва омода гардидааст, ки меҳвари онро маҷмӯи иқдомҳои аз ҷониби кишварҳои узв пешниҳодгардида роҷеъ ба бунёди вазъи устувор ва босубот дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ташкил медиҳад.

Намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни гузориши худ бо такя ба пажӯҳишҳои илмие, ки дар самт сурат гирифтаанд, чанд пешниҳоди мушаххасро роҷеъ ба тақвият ва дарёфти нуктаҳои умумии ҳамкорӣ дар рӯзномаи кори САҲА ва СААД ироа кард.

Зимни баргузории ҷаласа суханварони калидӣ ва ҳайатҳои кишварҳо бо дарназардошти шабоҳати масъалаҳои аз ҷониби САҲА ва СААД баррасишаванда ба зарурати мушаххас намудани самтҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: