Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,- хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.

16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегарданд.

Инчунин мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳанд расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: