Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, сол ба сол таваҷҷуҳ ба он зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон низ Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, барои беҳтар намудани вазъи соҳа якчанд барномаҳо қабул намудааст. Инчунин ҳамаи инро ба назар гирифта, ба хотири боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳа якшанбеи дуюми моҳи июл дар мамлакат Рӯзи моҳипарварон эълон гардидааст.
Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири ташхисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Ҳоҷиев изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳаи моҳипарварӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ 377 ададро ташкил дода, майдони умумии ҳавзҳо 3 ҳазору 300 гектар мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 426 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 тонна зиёд мебошад.
«Ҳоло дар ҷумҳурӣ моҳиҳои гармидӯстдор ва хунукидӯстдор, аз ҷумла моҳии амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд. Зеро ин гуна моҳиҳо ба шароити Тоҷикистон бисёр мувофиқ мебошанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ- кооперативӣ ва фермерӣ-деҳқоние, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, бештар ба парвариши моҳиҳои гармидӯстдор машғул мебошанд. Хусусан вилояти Хатлон асоси истеҳсоли моҳӣ ба ҳисоб рафта, парвариши ин гуна моҳиҳоро ба роҳ мондааст»,- гуфт Акрам Ҳоҷиев.
Тибқи «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2018-2022», ки аз тарафи Вазорати кишоварзии мамлакат таҳия шудааст, бояд дар ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ ба 2 ҳазору 340 тонна расонида шавад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2018 тибқи нақша фаъолият намуда, беш аз 2 ҳазору 100 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондоди хуб барои моҳипарварон ба ҳисоб рафта, онҳо ният доранд оянда истеҳсоли моҳиро боз ҳам дучанд намоянд.
Бино ба зикри Акрам Ҳоҷиев, ҳоло тамоми кӯшишу ғайрати роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба он равона карда шудааст, ки ҳарчӣ бештар истеҳсоли моҳиро зиёд намоянд. Ҳоло дар тамоми хоҷагиҳои зотпарварӣ мавсими гирифтани тухми моҳӣ оғоз шудааст. Имрӯз дар мамлакат 2 хоҷагии зотпарварӣ арзи вуҷуд дорад, ки онҳо Ҷамъияти кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Моҳии тоҷик»-и вилояти Суғд мебошанд.
Ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» кӯшиш дорад, ки захираи кирминамоҳичаҳоро зиёд намуда, бо ин роҳ истеҳсоли моҳиро дучанд намояд.
Тавре маълум аст, сол то сол вазъи соҳаи моҳипарварӣ беҳтар шуда, истеҳсоли моҳӣ низ зиёд гардидааст. Вале нархи моҳӣ ҳамоно дар бозорҳои мамлакат нигаронкунанда боқӣ мондааст. Мудири ташхисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» сабаби гаронии нархи моҳиро ба он рабт дод, ки норасоии хӯрокаи худӣ ва гарон будани нуриҳои минералӣ боиси гаронии нархи моҳӣ шудаанд.
«Имрӯз Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» кӯшиш намуда истодааст, ки дар мамлакат корхонаҳои хурди истеҳсоли хӯрокҳоро таъсис диҳад. Танҳо дар ин ҳолат метавон истеҳсоли моҳиҳои хушсифатро зиёд намуда, онро бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ намуд. Зеро имрӯз барои гулмоҳӣ махсус хӯрокҳои консентратӣ аз хориҷи мамлакат- Эрон, Россия, Голландия, Америка ворид карда мешаванд, ки ин сабаби гарон шудани нарх мегардад»,- иброз дошт А. Ҳоҷиев.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, 26 июни соли 2018 Пешвои миллат дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар дарёи Сири шаҳри Хуҷанд 20 ҳазор моҳиҳои навъи «сазан» ва «амури сафед» сар доданд. Инчунин Сарвари давлат ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд бахшидани ин бахши сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Бояд гуфт, ки истеъмоли моҳӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он дорои витаминҳо мебошад. Ба ҳисоби миёна, бояд ҳар як нафар дар як сол 23 килограмм моҳӣ истеъмол намояд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»