Дастгоҳи марказӣ:
- Муовини сардори раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби – 1874,5 сомонӣ;
- бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 926,9 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
- Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79 суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.