12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамчунин бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои ин бинои нави таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 оғоз гардида буд ва инак қабл аз муҳлат иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар самти рушди деҳоти дурдаст сохта шудааст ва дар ҷараёни корҳои бунёдӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар бинои муосири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоб ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконот барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави ин даргоҳи илму маърифат дар заминаи иморати қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки соли 1987 барои 90 нафар хонанда аз ҷониби аҳолии ин деҳа бо тариқи ҳашар бунёд шуда буд, сохта шудааст.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои аҳолии 840-нафараи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад.
Феълан корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки толори маҷлис барои 100 нафар, толори варзишӣ барои 128 ҷойи нишаст ва ошхона барои 28 нафарро дар бар мегирад, идома дорад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои дуюми муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки аслан татбиқи барномаи бунёди ин иншоот ду солро дар бар мегирад, вале муҳандисону сохтмончиён дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, то бинои асосии онро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Масоҳати умумии замини мактаб 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи лоиҳа дар он барои таъмини беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва ба машқу тармин фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаи Талхоб муосиртарин шароит фароҳам оварда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ва лоиҳаи бунёди бинои дуюми ин даргоҳи илму маърифат ва дигар иншооти ёрирасон дар он хонандагонро ба омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят намуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконоти фароҳамкардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Талхоб таърихи тарқрибан 200-сола дорад ва маънои он дар гирди чашмаи оби талх пайдо шудани маҳалли аҳолинишин мебошад.
АМИТ «Ховар»