Барномаи ҳунарӣ бахшида ба Рӯзи фалак дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Имрӯз соати 17:30 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи фалак барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Дар барномаи консертӣ фалаксароёни шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодамоҳ Муҳтарамова, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Убайдулло Кароматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, Фирдавс Ҳошимов, Нуроншоҳ Латипов, Нурбибӣ Ҷӯраева, Нигина Давлатова, Қурбон Идиев ва гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳунарнамоӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: