Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо роҳбари навтаъйини дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Хайринисо Юсуфӣ мулоқотро омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону САҲА хуб ба роҳ монда шуда, минбаъд низ таҳкиму густариши бештар пайдо хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор доданд.
«Изҳор гардид, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегиранд», — афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»