Дар Бадахшон идоракунии хавфи офатҳои табииро меомӯзанд

Дар шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Донишгоҳи тобистона оид ба идоракунии хавфи офтаҳои табиӣ»бо ширкати коршиносони масоили ҳифзи муҳити зист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, сардорони идораву муассисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шурӯъ гардид. Ин давраи омӯзишӣ аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал дар шаҳри Хоруғ ва марҳилаи дуюми он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи Мирасан иттилоъ медиҳад, раиси вилоят Ёдгор Файзов дар мулоқот бо иштирокдорони  ин  омӯзиш гуфт, ки «тағъирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ба зиндагии инсон яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир  маҳсуб мешавад. Технологияи муосир, ихтироъи ҳаргуна таҷҳизоту техника, маҳсулоти муосири биологӣ, кимиёӣ  аз як сӯ агар кори инсонро  осон  гардонад, аз ҷиҳати  дигар барои муҳити атроф, обу ҳаво хатари ҷиддӣ  эҷод мекунад. Иқлими ҷаҳон бо суръати каҳонӣ тағъир меёбад. Инро мо алъон бо чашми худ мушоҳида мекунем. Агарчӣ моҳи июн ба охир мерасад,  ҳарорати ҳаво дар водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ҳамагӣ ба 10-12 дараҷа гармӣ расида, дар деҳаи Шаймоқи  ноҳияи Мурғоб бошад барф меборад ва ғафсии он 16 сантиметрро ташкил медиҳад».

Номбурда дар ин робита таъкид намуд, ки  ҳангоми  якбора баланд гардидани ҳарорати обу ҳаво  афзоиши офатҳои табиӣ, ба мисли селу тарма, сангчарху обхезӣ, лағзиши замину канда шудани сарбанди соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.

«Аз ин рӯ, мо бояд тамоми донишу маҳорати худро ба кор барем, то  хисороти ҷонию молиро коҳиш диҳем. Сокиноне, ки дар мавзеъҳои хатарзо зиндагӣ мекунанд, бори дигар маҳали зисташонро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додан лозим аст. Агар хатаре ба онҳо таҳдид кунад, пас  мутахассисон онҳоро сари вақт аз  ин таҳдидҳо огоҳ намоянд», — афзуд  раиси вилоят.

Директори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева чунин давраҳои омӯзиширо барои ҳамаи сардорони идораву муассисаҳои давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамиятӣ, ризокорон барои дарёфти маълумоти бештар оид ба сабабҳои офатҳои табиӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани  онҳо  муҳим арзёбӣ менамояд. Онҳо имкон доранд дар давоми ду ҳафта бо коршинсони масоили муҳити зисти кишварҳои пешрафта мубодилаи афкор кунанд, таҷрибаи онҳоро омӯзанд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонанд аз онҳо истифода баранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: