Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон чанд шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кўтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгўӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эҳтимол борони бошиддат борида, сел ояд. Сел худ як омили хатарнокест, ки аз аҳолӣ ҳушёриву зиракӣ ва эҳтиёт мехоҳад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат ва меҳмонон муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.
«Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед. Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд», — гуфта мешавад дар муроҷиати Кумита.
Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ ва МГ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва сокинони мамлакат ҳамчунин хоҳиш кардааст, ки ҳамеша дар ҷараёни хабарҳои КҲФ, ВКД, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
АМИТ «Ховар» бошад, ҳамеша ва сари вақт ба шумо дар бораи вазъи роҳҳо ва обу ҳавои кишварамон маълумоти дақиқ мерасонад.
АМИТ «Ховар»