Дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, амниятиву сиёсӣ ва иқтисодиву гуманитарӣбаррасӣ гардид.
Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода бо роҳбари Форуми парламентӣ оид ба амният, вакили конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка Роберт Питтенгер мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, маориф, фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳамкории хуб доранд.
«Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, инчунин атрофи доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ, андешидани тадбирҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯ сурат гирифт», — илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки баъди барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёда аз 30 санади дуҷониба ба имзо расиданд.
АМИТ «Ховар»