Соли 2017 дар пойтахт сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо ва ташкили боғу гулгаштҳо вусъат ёфт

Соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 4 муассисаи томактабӣ ва таълимӣ бо 2 ҳазору 30 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки нисбат ба  соли  2016  880 ҷойи нишаст зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети шаҳр, вазорату идораҳо ва соҳибкорон дар 28 иншооти муассисаҳои таълимӣ барои 16 ҳазору 944 ҷойи нишаст корҳо оғоз шуда, бо маром идома доранд. Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба намояндагони ВАО иброз дошт.

Номбурда ҳамчунин  аз сохтмони 70 адад майдончаи варзишӣ,   50 гулгашт бо ташкили ҷой барои истироҳати шаҳрвандон,  6 иншооти ирригатсионӣ,  таъмиру мумфарш гардидани  роҳҳо ба масофаи 66,4 километр   (846 593 метри мураббаъ) ва   мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур  дар давраи ҳисоботӣ  хабар дода, илова кард, ки дар ин муддат  аз ҷониби шахсони эҳсонкор  50,4 километр (379 124 метри мураббаъ) роҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода  дар тақвияти гуфтаҳои боло зикр кард, ки айни замон  дар 12 мавзеъ корҳои ободонию сабзазоркунӣ, ташкили боғу гулгаштҳо ва дар 92 мавзеи дигар  сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, барои ба  талаботи муосир мувофиқ гардонидани иншооти манзилӣ таъмиру тармими  биноҳои маъмурӣ ва манзилӣ дар 20 иншооти хиёбони Рӯдакӣ  идома доранд.

АМИТ "Ховар"