ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Аз болои рудхонаи Ғунд боз як пули нави мошингузар бунёд гардид

ХоруғБунёди  пули мошингузар аз болои рудхонаи Ғунд деҳаҳои Питоб ва Сангови ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнонро бо роҳи аҳамияти байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма пайваст намуд.

То ин вақт сокинони ин ду деҳаи сераҳолӣ молу колои худро бо ароба тавассути як пули пиёдагарди лағжонак  ба манзилҳояшон интиқол медоданд. Раиси ҷамоати деҳоти Сучон Амонбек Мавлоназаров бунёди пули мазкурро як туҳфаи арзанда дар остонаи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар гузашта ба хусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон сокинони деҳот маҷбур буданд, ки ҳезуму ангиштсангро аз як як соҳил ба соҳили дигар бо пушт интиқол диҳанд. Бо сохта шудани ин пул ҳамаи ин мушкилот пушти сар шуд.

Раиси ҷамоати деҳот гуфт, ки барои бунёди ин пул мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1, 5  миллион сомонӣ ҷудо кард.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов сокинони ҷамоати деҳоти Сучонро бо ифтитоҳи пул нав табрик карда, изҳор намуд, ки бо дастури Президенти кишвар дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ  дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявии ҳудуди вилоят, ки қариб 1300 километрро ташкил медиҳанд, боз бунёди 18 пул ба маблағи 160 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят аз соҳибкорони маҳалӣ низ даъват намуд, ки дар рушди инфрасохтори деҳоти худ саҳм гузоранд. Зеро аз рушди деҳот ҳам соҳибкорон манфиати иқтисодӣ мебаранд  ва ҳаёти деҳотиён рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Дар ноҳияи Шуғнон то 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди боз 60 иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ«Ховар»