Боронгариҳои шадид ва тармафароии пай дар пайи манотиқи кӯҳии кишварро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи бехатарии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ таътил эълон кард. Сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ба ҷуз аз мактабҳои шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо дигар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муваққатан баста шуданд.
«Роҳи бештари кӯдакону наврасон аз кӯҳдоманҳо мегузарад ва имкони ҳар лаҳза фаромадани тарма дар ин мавзеъҳо вуҷуд дорад. Барои мо саломатии хонандагон дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хоҳиш намудем, ки то муътадил гардидани вазъи обу ҳаво дар муассисаҳои таълимие, ки дар мавзеъҳои зери хатари эҳтимолӣ ҷойгиранд, барои таътили иловагии зимистона иҷозат диҳад»,-иброз дошт Эраҷ Ҷонмирзоев.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ омӯзгоронро муваззаф намуд, ки сарфи назар аз таътил ба хонаи хонандагон рафта, ҳамроҳ бо волидон иҷрои нақшаи барномаи таълимиро таъмин намоянд. Илова бар ин, муассисаҳои мазкур мавсими имсолаи таҳсилро 10 рӯз дертар ба поён мерасонанд.
Манбаъ: khovar.tj