Дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба амал омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани садамаи хурд гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ наздики 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон осеб надидаанд. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе корҳои бартарафсозии ин ҳолати садамавӣ идома дорад.
АМИТ «Ховар»