Имрӯз дар Москва ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон баргузор мегардад

Конфронс

Имрӯз дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Москва иттилоъ медиҳад, интизор меравад дар оғози ҷаласаи пленарӣ паёмҳои шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба иштирокдорони Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон қироат гарданд.

Дар ин ҷаласа ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Россия иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон, ки 16 апрел дар шаҳри Москва оғоз гардид, форумҳои ҷавонон ва сайёҳӣ, мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг» баргузор гардиданд. Дар ҷараёни онҳо мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории ду давлат баррасӣ шуданд.

Имрӯз дар фарҷоми ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон дар назар аст, ки як зумра  созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расонида шаванд.

АМИТ «Ховар»