Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар Ню-Йорк оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд

21 сентябри соли 2016 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот доир намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: