Донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни «Enactus Word Cup» ба Америка мераванд

Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни  «Enactus Word Cup», ки моҳи сентябри соли равон дар иёлати Калифорнияи ИМА баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Дар ин бора муовини Ректор оид ба таълим ва идораи сифати Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, як гурӯҳ донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ дар давраи ниҳоии озмуни лоиҳаҳои соҳибкории доншҷӯёни Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯи се лоиҳа ғолиб ва соҳиби роҳхат гардиданд.

Мавзуф иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи махсуси рушди донишгоҳро то соли 2030 ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он шумораи мутахассисони навовар зиёд мегардад.

«Соли 2019 раванди таълимро 289 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 121 нафарашон дорои дараҷаи номзад ва доктори илм мебошанд, таъмин намуданд»,- баён дошт Маҳмуд Тошматов.

АМИТ «Ховар»

Tags: