ФУТЗАЛ: рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё муайян шуданд

Аз 1 то 11 феврали соли 2018 дар шаҳри  Тайбэйи Чин Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал баргузор мегардад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, маросими қуръакашии мусобиқоти мазкур имрӯз баргузор шуд. Тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби қавии Осиё — Ӯзбекистон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ба гурӯҳи «В» шомил шуд. Ба гурӯҳи «А»  дастаҳои  мунтахаби Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ва Баҳрайн, дар гурӯҳи «С» дастаҳои  мунтахаби Эрон, Ироқ, Чин ва Мянма, дар гурӯҳи «Д»  дастаҳои  мунтахаби Тайиланд, Қирғизистон, Лубнон ва Урдун шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри омодагӣ ба ин мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон   бо  дастаи мунтахаби Туркия оид ба футзал дидорҳои дӯстона анҷом медиҳанд.

Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26 ва 27 декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: