Аз 9 то 11 марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Давлати шоҳигарии Тайланд Олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 16 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон 8 нафар хонанда барои иштироки фаъол дар олимпиадаи мазкур аз ҷониби кумитаи тадорукоти он бо ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дастаи хонандагони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада мақоми аввалро ишғол намуда, бо Шоҳҷоизаи олимпиада (Гран-При) қадрдонӣ гардид.
Маросими пешвозгирии иштирокчиён 15 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифта, ғолибонро муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М.Азизӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланд истиқбол намуданд.
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагони тоҷик аз аввали соли 2019 дар 4 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 47 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ гардидаанд.
АМИТ «Ховар»