Олимпиада

Математикону роботсозони тоҷик дар Олимпиадаи 8-уми байналмилалии Таиланд соҳиби 16 медал гардиданд

Таиланд Аз 9 то 11 марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Давлати шоҳигарии Тайланд Олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.