Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 16 марти соли равон дар маҳаллаи Тути калон ва мувофиқи нақша, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак ҷараён мегиранд. Дар ин бора аз хадамоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирад. Ҳамзамон маҳфилҳои шеъру суруд ва таронаву бадеҳагӯиҳои наврӯзӣ доир гардида, маҷмӯан маҳаллаҳоро фазои идона фаро хоҳад гирифт. Бояд зикр намуд, ки дар барномаҳо намояндагони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва ҳозиринро табрик хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд то 25 марти соли 2019 барномаҳои наврӯзии хешро дар чойхона, идораи маҳалла, хонаҳои баландошёна ва дар яке аз кӯчаҳои ҳудуди маҳаллаҳояшон баргузор менамоянд.
АМИТ «Ховар»