Дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ бо баландии 10 метр бо 7 қабат ороста шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ин рамзи наврӯзии арчамонанд бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд бо дастури шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» гузошта шуда, то поёни ҷашни Наврӯз ба шаҳр зеб мебахшад. Шабона ин рамзи наврӯзӣ чароғон гардида, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон мубаддал хоҳад гардид.
Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, дар дохили он сабзаҳои гандум ҷойгир шудаанд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шуда, дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирин суманак ва гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудаанд.
АМИТ «Ховар»