Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ

20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, кормандони эҷодию техникии телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони хадамотҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии кишвар иштирок карданд.

Ҳадафи вохурӣ натиҷагирии фаъолияти Васоити Ахбори Омма дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ ва матбуоти даврӣ буд, ки зимни баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба бурду бохти кори соҳа, ислоҳи камбудиҳо ва ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд. Ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, барномаҳои нишонрас таҳия карда шавад.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ, бо иттилоъ ва фароғат ғанӣ гардонидани мардум шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радиоро таъсис дод. Роҳбарият ва масъулини соҳаи телевизиону радио вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз тамоми имкону шароити мусоид ва рӯзноманигорони варзида барномаҳои баландмазмун баҳри тарғиби табиати кишвар, неъматҳои моддию маънавӣ ва дигар дастовардҳои мардумро васеъ инъикос намоянд.

Намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст, ки ба ҳар як руйдоду воқеаҳои олам вокуниш нишон диҳанд ва маводҳои таҳлилиро таҳия ва пешкаш намоянд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки “Шумо, роҳбарони васоити ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошед. Зеро васоити ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имкониятҳои кофии зеҳнӣ ва техникӣ доранд”.

Аз ҷониби давлату ҳукумат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар доираи ислоҳоти бахшҳо барномаҳои давлатӣ таҳия гардидааст. Инъикоси ҷараёни татбиқи ин барномаҳо низ аз рӯзноманигорон масъулияти дигарро талаб мекунад.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи барномаҳо бояд аҳли эҷод ба мазмуну муҳтаво сатҳу сифати барномаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Рӯзноманигорон бо омода кардани барномаҳои ҳадафрас якҷо бо аҳли ҷомеа метавонанд дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе гуруҳу ашхоси ноогоҳ, дар замири насли имрӯза ҷой додани ҳисси баланди ватандорию ватанхоҳӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамаи барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ бояд бо дарназардошти манофеи давлату миллат, бо забони адабии тоҷикӣ ва сатҳи баланди касбӣ таҳия карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад, ки беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, вобаста ба руйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд ва дар баъзе мавридҳо вокуниш нишон диҳанд.

Намояндагони васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии руйдодҳоро расонанд. Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумат саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон бояд ба инобат гирифта шавад, ки маводҳо воқеъӣ, бо таҳлилҳои амиқу рақамҳои дақиқ ва ҳадафрас таҳия гарданд.

Масъалаи фарогирии пахши барномаҳои телевизиону радиои давлатӣ дар саросари кишвар низ аз масъалаҳои муҳими мулоқоти имрӯза буд, зеро таҳлилҳо нишон доданд, ки барномаҳо ба таври пурра дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пахш намегардад. Алҳол мавҷҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99 фоиз, “Сафина” 84, “Баҳористон” 84 ва “Ҷаҳоннамо” 75 фоизи ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо дарназардошти  вазъият дар фазои иттилоотӣ қонеъкунанда нест.

Аз ин ру Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ вазифадор гардиданд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият ва бо гузаронидани мониторинг масъалаи пахши барномаҳоро дар саросари ҷумҳурӣ таҳлил ва барои ислоҳи камбудиҳо чораандешӣ намоянд.

Сарвари давлат аз тарғибу ташвиқи Президент тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ба ҷойи ин талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос карда шавад.

Пешвои миллат таваҷҷуҳи кормандони шабкаҳои телевизионию радиоиро ба як қатор камбудиву мушкилоти ҳалталаб ҷалб карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки инъикоси саривақтии ҳодисаҳо, рӯйдоду воқеаҳои олам дар телевизион ва радио то ҳанӯз суст ба роҳ монда шудааст, аксар маврид журналистон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд, барномаҳои таҳлилӣ оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои геополитикии ҷаҳон ба Тоҷикистон умуман дида намешаванд, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи тайёр кардани таомҳои миллӣ воқеияти ҳолро нишон надода, баръакс, ба баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ назари рӯякӣ ва ғайрикасбӣ зоҳир мегардад, омӯзиш ва тарбияи мутахассисони касбӣ дар Академияи васоити ахбори  умум то ба ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надода истодааст, сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст ва сабаби дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок накардани журналистон ин надонистани забонҳои хориҷист,  намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин интизор шавад, қариб, ки дида намешаванд ва Шӯроҳои бадеӣ ва роҳбарони барномаҳои мусиқӣ бояд танҳо ҳунармандони касбиро иҷозати ба эфир баромадан диҳанд.

Президенти мамлакат баъди таҳлили пурраи вазъи соҳа ва бо дарназардошти далелҳои зикршуда, ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохтани фаъолияти васоити ахбори омма дар кишвар амалисозии як қатор чорабиниҳоро пешниҳод карданд.

Аз ҷумла, барои ҷавобгӯ гардонидани муҳтавои барномаҳои телевизион ва радио ба рӯйдодҳои ҷаҳон, минтақа, кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҳияи барномаҳои ҷиддии таҳлилӣ бо ҷалби коршиносон ва идомаи анъанаи таҳияи филмҳои телевизионӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд, дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои таъсиррасон, матлабҳои нишонрас ва фошкунандаи ҳадафҳои хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, наворҳои ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад, мунтазам барномаҳо оид ба кашфиёту ихтирооти ҷадиди илму техника, ташаккули ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ошкор кардани сабаб ва воқеияти рӯйдодҳои олам таҳия гарданд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаҳои махсус барои пахш кардани хабару навидҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман тоҷикони бурунмарзӣ таъсис диҳад.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати барномаҳо, базаи моддиву техникӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи телевизион ва радио, зарур аст, ки Барномаи рушди телевизион ва радиои миллӣ, инчунин, Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 таҳия ва пешниҳод гардад.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯст бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Аз рӯзноманигорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар вақти таҳияи мавод на танҳо рафти сохтмон, балки ҳадафҳои созандаи давлату ҳукуматро ба бинанда расонан.

АМИТ «Ховар»

Tags: