«ДАСТАРХОНИ СУҒДӢ». Таҳти ин ном дар шимоли Тоҷикистон Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ баргузор мегардад

Дар вилояти Суғд Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони «Дастархони суғдӣ»  доир карда мешавад.

Фестивали мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии нашри нахустшумораи рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» моҳи сентябри соли равон дар маркази вилоят баргузор мегардад.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар фестивал ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.

Ба иштирокчиёну ғолибони фестивал аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: