МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилот, мақомоти иттифоқҳои касаба ва аъзои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон

Тавре дирӯз хабар додем, дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вакилони анҷуман ба роҳбарони ташкилот, мақомоти иттифоқҳои касаба ва аъзои Иттифоқи  касабаи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намуданд, ки матни пурраи онро манзури хонандагон мегардонем.  

— Мо, вакилони Анҷумани  ХХII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон изҳор менамоем, ки иштироки бевоситаи Иттифоқҳои касаба дар маъракаи интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро инкишоф дода, робитаҳоро бо оммаи меҳнаткашон тақвият бахшида, барои боз ҳам амиқтар фаҳмидани умеду орзу, дархосту пешниҳодҳои меҳнаткашон  шароити  мусоид фароҳам меорад.

Маъракаи пешазинтихоботии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муътадили ҷамъиятию сиёсӣ мегузарад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ фазои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  устувор гардида, сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, некўаҳволии мардум рў ба беҳбудӣ ниҳодааст. Теъдоди зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ бунёд гардида, робитаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ  ва байналмилалии ҷумҳурӣ ҳарчи бештар вусъат меёбанд.

Аксарияти муваффақиятҳои ба дастомадаи соҳаҳои мамлакат ба фаъолият, ташаббус, қобилияти бунёдкорӣ, матонату ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафт ва рушди Тоҷикистон алоқамандии бевосита дорад.

Дар таърихи фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 бори аввал баргузор гардидани вохӯрии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо намояндагони иттифоқҳои касаба нишонаи таваҷҷуҳ, қадршиносӣ ва эҳтироми Пешвои муаззами миллат нисбат ба аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон    дар байни  аъзои худ  мунтазам оид ба  сиёсати дурбинона ва муваффақонаи Пешвои миллат дар пешрафт ва  шукуфоии Ватани азиз  корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда истодаанд.

Ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки ба самти ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба вобаста аст, сарбаландона аз сулҳу ваҳдати комил, ободиву пешрафти  Ватан бо ифтихор ҳарф мезанем, ниҳодҳои байналмилалиро  ба ҳамкории дуҷониба даъват менамоем ва бо Тоҷикистони соҳибистиқлолу Пешвои миллати раъиятпарвараш  ифтихор  менамоем.

Ҳар яки мо, аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  заҳматҳои ҳаррўзаи Пешвои муаззами миллатро дар роҳи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, созандагию бунёдкорӣ эҳсос мекунем ва ҳамеша гиромӣ медорем.

Паёму вохӯриҳо, таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии дорои моҳияти иҷтимоӣ, иқдомҳои созандаю бунёдкорона ва амалҳои пайвастаи Сарвари давлат бори дигар мардумро эътиқодманд гардонид, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакат ва ғамхории ҳамешагӣ нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор хоҳанд дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ, пешгирии шомилшавии афроди ноогоҳ ба созмонҳои ифротгаро, экстремистӣ, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгаро, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар доимо аҳамияти хосса медиҳанд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мутобиқ сохта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таъминоти  иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти оммавӣ рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сулҳу созгорӣ дар саросари мамлакат, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои  иттифоқи касаба, фароҳам овардани  шароити арзандаи зиндагӣ  барои ҳар сокини мамлакат, инчунин тарбияи касбии  фаъолон ва мақомоти иттифоқҳои касаба медонад.

Татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, амалисозии стратегия ва барномаҳо доир ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ, шуғли бақайдгирифтанашуда, оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон, ташкил намудани чорабиниҳои солимгардонии иттиҳодияҳои меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ, қабул намудани созишномаҳои соҳавии тарифӣ ва шартномахои коллективӣ дар корхонаҳо аз зумраи масъалаҳое ҳастанд, ки мунтазам дар меҳвари диққати Пешвои миллат қарор доранд.

Сиёсати адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд гаштани музди меҳнати кормандон ва рушди босуботи соҳаи иқтисодӣ- иҷтимоии аҳолӣ доимо дар сиёсати Пешвои миллат таҷассум гардида, баҳри татбиқи ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамеша  фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши муносибатҳои меҳнатии кормандон ҷонибдорӣ намуда, дар ҷодаи баланд бардоштани вазъи некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамрадифи иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлатӣ мебошад. Дар ин самт ташкилоти иттифоқҳои касаба дар муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолиятро  ҷиддӣ ба роҳ мемонанд.

Қобили зикр аст, ки дар сафи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 900122 (нуҳсад ҳазору яксаду бисту ду) нафар аъзо муттаҳид гаштаанд.

Дар дастгоҳи Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он 3 Шўрои вилоятии иттифоқҳои касаба, 17 кумитаи соҳавии иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.

Пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми ин шахсият дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон буда, аз дурустии сиёсати дурандешона, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, шаҳодат медиҳад.

Вақте Иттифоқҳои касаба номзадии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, дар навбати аввал онҳо барои пойдории сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, рушди иқтисод, таъмини сатҳи зиндагии арзанда, шукуфоии кишвар, пирўзӣ ва саодати миллати соҳибфарҳанг, куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик овоз медиҳанд.

Мо, вакилони Анҷумани ХХII иттифоқҳои касаба боварии комил дорем, ки иттифоқҳои касаба ва тамоми заҳматкашони ҷумҳурӣ имкониятҳои худро дуруст истифода бурда, аз тамоми роҳбарони ташкилот, аъзои иттифоқи касаба ва меҳнаткашон даъват менамоянд, ки аз ҳуқуқҳои дар қонунгузорӣ  кафолат додаашон истифода бурда, ба тарафдории номзади интихобнамудаи иттифоқҳои касаба — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Вакилони Анҷумани  ХХII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон номзадии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, ба тамоми аъзои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ба он даъват менамоянд, ки 11 октябри соли 2020 ба тарафдории номзади арзанда — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Муроҷиатномаи мазкур дар Анҷумани  ХХII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 26 августи  соли 2020 аз ҷониби вакилон якдилона қабул карда шудааст.  

АМИТ «Ховар»

Tags: