Пагоҳ Бонки миллӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ мегузаронанд

6 феврал  Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ва Бонки миллии Тоҷикистон соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Бонки мазкур дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 107А бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар толори ин ниҳод ва нишасти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешаванд.

Консерваторияи миллӣ соати 08:30 дар бинои Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн соати     10:00 дар Донишкадаи мазкур нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: