Соли 2018 зимни баргузории тадбирҳои хуррамгардонии муҳит ва сабзазоркунию ободонӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби ҷавонон беш аз 404 маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Тавассути онҳо дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ 43 ҳазору 962 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар шаҳри Бохтар иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки бо мақсади анҷом додани корҳои ободонӣ ва хуррам гардонидании муҳити зист соли 2018 аз тарафи ҷавонони вилояти Хатлон, ки як самти нақшаи кории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мебошад, маъракаҳои ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» ва «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» баргузор карда шуданд.
Дар ин давра дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол дар майдони 1,7 гектар боғи «Сайёҳон» бунёд гардид. Дар он 511 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 54 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, дар маҷмӯъ 565 бех ниҳолҳо шинонида шуданд.
«Корҳои ободонӣ дар ин самт соли 2019 низ идома ёфта, маъракаҳо ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ пайваста гузаронида мешаванд», — зикр намуд Фариза Абдуллозода
АМИТ «Ховар»