Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки ин рӯзҳо дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ Хушқадам Хусравов, ки дар вазни то 62 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз рӯи хол бар варзишгари рус Руслан Богдасарян ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, медали тиллои Х. Хусравов чорумин нишони варзишгарони тоҷик дар ин чемпионат гардид. Чанде қабл Акмалиддин Каримов, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сорбон Латифов ба дастаи Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ оварданд.
Дар рӯзи аввали чемпионат варзишгарони тоҷик Ҷомӣ Ҳасан, Мустафо Ҳасанов, Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Зуҳуров (самбои размӣ) аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, имконияти идома додани ҳунарнамоиро аз даст доданд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров варзишгарони зерин шомил буданд: Ҷомӣ Ҳасан (то 52 кг), Акмалиддин Каримов (то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Мустафо Ҳасанов (то 68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 82 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (то 100 кг), инчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ иштирок намуданд – Сорбон Латифов (то 62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (то 68 кг), Беҳрӯз Зуҳуров (то 74 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (то 90 кг).
Хушқадам Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид. Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард. Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуд.
АМИТ "Ховар"