тилло

Хушқадам Хусравов соҳиби медали тиллои чемпионати ҷаҳон шуд

Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки ин рӯзҳо дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаи ниҳоӣ Хушқадам Хусравов, ки дар вазни то 62 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз рӯи хол бар варзишгари рус Руслан Богдасарян ғолиб омад.