Тоҷикистон (U-19) ба сӯи бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё боз як қадами дигар гузошт

Дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии дуюми гурӯҳи «D»-и  Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Малайзия қувва озмуда, онро бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом дод.  Футболбозони тоҷик баъди ин мусовӣ бо касби 4 имтиёз мавқеи худро дар зинаи дуввум нигоҳ медоранд. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.

Бозӣ бо дастаи мунтахаби Малайзия барои футболбозони мо дар даҳ дақиқаи аввал хеле осон шурӯъ шуд ва онҳо лаҳзаҳои хуби голзаниро ба вуҷуд меоварданд. Аммо як хато дар маркази майдон ба аксулҳуҷуми футболбозони малайи сабаб гардид ва Муҳаммад Ҳодӣ Файёд дар дақиқаи 11-ум тӯбро ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев равон кард. Ҳуҷумҳои пайдарпайи футболбозони тоҷик дар дақиқаи 34-ум самари худро овард ва барои аз пой зада афтонидани Шериддин Бобоев довар ба дарвозаи дастаи мунтахаби Малайзия ҷазои 11-метра таъин кард ва онро капитани даста- Эҳсони Панҷшанбе бе хато ба нишон расонд. Дар поёни нимаи аввал як бозигузории зебои футболбозони мамлакат бори дигар натиҷаро тағйир дод ва  Далер Ёдгоров голи дуввумро ба самар расонд. Бо ҳисоби 2:1 дастаҳо ба танаффус рафтанд.

Дастаи мунтахаби Малайзия барои дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳарифи ногувор ва норроҳат ба ҳисоб меравад. Дар бозиҳои Чемпионати Осиё байни наврасон низ, мо бо умеди ғалаба ба майдон омада, бо ҳисоби 6:2 мағлуб шуда будем. Дар ин вохӯри ҳам аз рӯи ҳамаи нишондодҳо дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бартарӣ дошт, аммо бозиро то ба ғалаба нарасонидем ва баъди як зарбаи стандартӣ тӯб ба пои Ваҳдат Ҳанонов (55-ум дақиқа) бархӯрда вориди дарвоза гардид. Дигар кӯшишҳои футболбозони тоҷик натиҷа наовард.

Дар дақиқаи 80-ум баъди се дақиқаи ба майдон омаданаш Зиёвуддин Фузайлов ҷароҳати сахт бардошт ва майдонро тарк кард. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳоло ӯ саривақт ҷарроҳӣ шудааст ва шифо меёбад. Барои дар муқобили Зиёвуддин дағал бозӣ карданаш футболбози дастаи мунтахаби Малайзия Набил Бухорӣ аз майдон ронда шуд. Ҳусейн Нурматов ҳам чанде баъд барои қоидаро дағалона вайрон кардан аз ҷониби довар корти сурх гирифт.

Дар ин давр дастаи мунтахаби Арабистони саудӣ бар Чтн бо нишондоди 1:0 ғалаба кард ва пеш аз мӯҳлат ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Барои ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии охирини гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) ҳамагӣ як холи дигар зарур аст.  Вале агар натиҷаи бозии дастаҳои мунтахаби Чин ва Малайзия бо пирӯзии чиниҳо ва ё мусовӣ анҷом ёбад, пас мо аз ҳоло дар бозиҳои чорякфиналӣ ҳузур дорем.

Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳодӣ Файёд, 11 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 34 – аз пеналти (1:1). Далер Ёдгоров, 45+1 (1:2). Ваҳдат Ҳанонов, 55 – худгол (2:2).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов (Оятулло Сафаров, 64), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Зиёвуддин Фузайлов, 77, Абдулмӯмин Забиров, 85), Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.

Огоҳӣ: Ник Акиф Сяхиран, Муҳаммад Алимрон Ҳалим, Муҳаммад Фероз Баҳарудин (Малайзия), Кароматулло Саидов (Тоҷикистон).

Аз майдон ронда шудандНабил Ҳаким Бухорӣ (Малайзия), 84, Ҳусейн Нурматов (Тоҷикистон), 87.

Довар дар майдонАҳмад Файсал Муҳаммад Алалӣ (Урдун).

Нозири доваронҶон Чиа (Сингапур).

Комиссари бозӣШун Китамура (Япония).

23 октябр. Бекаси (Индонезия). Варзишгоҳи  «Патриот Тсандрабага». 109 тамошобин.

 

Гурӯҳи «D»

Даври 1

Тоҷикистон – Чин 1:0

Арабистони Саудӣ – Малайзия 2:1

Даври 2

Чин — Арабистони Саудӣ –0:1

Малайзия — Тоҷикистон 2:2

 

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Арабистони Саудӣ 2 1 0 0 3-1 6
2 Тоҷикистон 2 1 1 0 32 4
3 Малайзия 2 0 1 1 3-4 1
4 Чин 2 0 0 2 0-2 0

 

Даври 3

26 октябр

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

АМИТ "Ховар"