Лигаи футболи Тоҷикистон бақатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол» дар Осиё дохил шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Ғолиби «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол»–ро Конфедератсияи футболи Осиё рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2018 дар конференсияи саноати варзиш, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, эълон хоҳад кард. Дар қатори муддаиёни ин ҷоиза ба ғайр аз Лигаи футболи Тоҷикистон, инчунин Лигаи футболи кишварҳои Ҳиндустон, Индонезия, Урдун, Сингапур, Ветнам, Бутан, Гуам, Қирғизистон ва Филиппин шомиланд.
Лигаи футболи давлатҳои Австралия, Чин, Эрон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Таиланд, Ӯзбекистон ва Амороти Мутаҳидаи Араб барои ҷоизаи “Илҳомбахштарин Лигаи футбол” дар Осиё мубориза мебаранд.
Муддаиён аз рӯи 11 дараҷа санҷида мешаванд: идора ва роҳбарӣ, натиҷаҳои молиявӣ, мусобиқа, маркетинг ва таблиғот, ВАО, иртибот ва ғайра.
Дар ҳар ду дараҷа барои иштирок дар конференсияи мазкур, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, се номзадӣ даъват карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»