ОФАРИН! Футболбозони навраси Тоҷикистон ба бозиҳои ¼ -ниҳоии Чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд

Субҳи имрӯз дар бозии охирини  гурӯҳи “А”-и Чемпионати Осиё оид ба футбол байни футболбозони то 16-сола  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Таиланд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда ба даври бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин пирӯзӣ ба ҳамаи мухлисони Тоҷикистон муборак бод!

Вохӯрии дастаҳои мунтахабии Тоҷикистон ва Таиланд мебоист рӯзи гузашта барпо мегардид, аммо аз сабаби борони шадид ин вохӯрӣ ба субҳи имрӯз гузаронида шуд ва он барои мо бобарору шодиовар хотима ёфт. Футболбозони мо тавассути голи аввали Озод Панҷиев дар дақиқаи 39-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо як зарбаи Супанат дар дақиқаи 81-ум дарвозабони мо Мӯҳриддин Ҳасановро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозааш гирад.

Ба натиҷаи мусовӣ, ки ба нафъи дастаи мо набуд шогирдони Зайниддин Раҳимов қаноатманд нашуда се дақиқа пас аз нав ба сафи пеш баромаданд. Тӯбро Амадони Камолов ба нишон расонид.

Дар бозии дигари рӯз дастаи мунтахаби Япония мизбонони Чемпионат-дастаи мунтахаби Малайзияро бо натиҷаи 2:0 шикаст дода барои дастаи Тоҷикистон ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳ кушод.

Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳарифи худро дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ интизор мешавад.

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  Япония 3 2 1 0 7-2 7
2  Тоҷикистон 3 1 1 1 4-7 4
3  Таиланд 3 1 0 2 7-8 3
4  Малайзия 3 1 0 2 8-8 3

АМИТ «Ховар»