Ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.
Дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин, аз ҷумла омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тӯли чоряк асри гузашта мамлакати Шумо дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Тоҷикистон, бешубҳа, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи баланд мебошад.
Бо изҳори қаноатмандӣ зикр менамоям, ки муносибот миёни давлатҳои мо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ ба таври муназзам рушд меёбад.
Муколамаи сиёсии созанда тавсеа ёфта, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун ва шарикии мутақобил дар чаҳорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои гуногунпаҳлӯ самараи хуб медиҳад.
Бовар дорам, ки дар оянда вусъат додани тамоми маҷмӯи робитаҳои Русияву Тоҷикистон ба манфиатҳои асосии мардумони бо ҳам дӯсти мо ҷавобгӯ буда, ба маҷрои таҳкими суботу амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, тансиҳатии комил ва дар фаъолияти давлатиатон барор, ба кулли мардуми Тоҷикистон-сулҳу рафоҳатро орзумандам”.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,
Иҷозат диҳед ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми бародари тоҷик табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманиётро изҳор намоям!
Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Шумо Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо хусусияти миллии кишвари худ мувофиқ аст, ки ба он ҷониби Чин баҳои баланд медиҳад.
Солҳои охир мо равобити наздикро дар сатҳи олӣ нигоҳ дошта, пешрафти стратегии муносибатҳои дуҷонибаро амалӣ намуда, дурнамои васеи ҳамкории Чину Тоҷикистонро боз намудем. Ман ба вусъати муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти муҳим медиҳам ва мақсад дорам, ки ҳамроҳ бо Шумо ин равобити мутақобили ҳамкории стратегиро ба манфиати мардумони ду кишвар ба сатҳи нав мебардорем.
Ба Тоҷикистони бародар шукуфоӣ таманно дорам”.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияаш гуфтааст:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Амрико Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиклолият табрик ва муборакбод менамоям. Имсол 9-ми сентябр 25 солагии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр таҷлил хоҳем кард ва изҳори умед менамоем, ки соли оянда ба халқи ин кишвар сулҳу осоиштагӣ ва ривоҷу равнақи минбаъдаро хоҳад овард.
Инчунин, зимистони соли ҷорй 25 солагии ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки миёни ду кишварамон дар асоси эҳтироми мутақобил, манофеи муштарак ба таври мунтазам суръат гирифта, ба рушди демократия, таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, ҷашн мегирем. Мутмаин аз онам, ки муносибатҳоямон минбаъд низ вусъат хоҳанд ёфт”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд, чунин омадааст:
“Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолиятро ҷашн мегирад, ман мехоҳам ба Шумо ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ва хонаи обод таманно намоям.
Ман ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим аҳсан гуфта, шахсан ба Шумо барои сафаратон ба Порис барои иштирок дар COP21 ташаккур баён менамоям.
Ман инчунин изҳор дорам то рушду муносибатҳои дуҷониба ва дӯстиву эътимод байни ду кишварамон идома дошта бошад. Ман махсусан умедвори ҳамкории иқтисодии дурнамо миёни Фаронса ва Тоҷикистон мебошам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро кабул намоед”.
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:
“Бародари муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Худованд ҳифзатон кунад
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам”.
Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Елизаветаи II, чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Барои ман ҷои ифтихор аст, ки Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рузи Миллӣ, яъне 25-солагии Истиқлолияти Давлатӣ табрик гуфта, ба Шумо беҳтарин орзуҳоро таманно дорам”.
Дар табрикномаи Императори Япония Акихито чунин омадааст:
“Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти самимиро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи халқи Беларус ва шахсан аз номи худам қабул фармоед.
Тоҷикистони муосир ислоҳоти ҷиддиеро, ки ба таъмини соҳибистиқлолии кишвар ва боло рафтани некӯаҳволии шаҳрвандони он равона шудааст, муваффақона мегузаронад.
Беларус муносибатҳои анъанавии дӯстона бо Тоҷикистонро, ки дар асоси эҳтиром ва дастгирии мутақобил бунёд ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунад. Ман ба устуворӣ ва ояндадор будани онҳо бовар дорам.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар мақоми масъул фаъолияти босамар, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи XIV-уми Малайзия – Алмуътасим Биллоҳи Муҳиббуддин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Ал-марҳум Султон Бадлишоҳ, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн – Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа, Президенти Ҷумҳурии Болгария – Росен Плевнелиев, Раиси Президиуми Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Австрия – Дорис Бурес, Президенти Ҷумҳурии Туркия – Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Корея – Пак Кин Хе, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Николай Бордюжа ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.