Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

16 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Tags: