Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар 2,85 гектар «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, дар асоси ҳамин қарор боғи мазкур ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Тибқи қарори зикршуда, муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АМИТ «Ховар»