18-19 октябри соли равон дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи мамлакат баргузор мегардад. 18 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати мазкур бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута доир мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади рушду таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Душанбе ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки ҳайати фарҳангӣ-соҳибкориро ба шаҳри Душанбе сафарбар намояд.
Дар барномаи ин сафар маърӯзаҳо оид ба тадриси забони русӣ, дарсҳо доир ба санъати сарояндагӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ, машварату маслиҳати духтурон барои аҳолии шаҳри Душанбе, инчунин барномаи мусиқӣ бо иштироки яке аз коллективҳои эҷодии Санкт-Петербург дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 сентябри соли 2017 ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварда буд. Дар доираи ин сафар мулоқоти ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ва ин ҳайат бо роҳбарияти шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор
АМИТ «Ховар»