Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 августи соли 2018 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» дар байни аҳли ҷомеа бо хушнудӣ пазируфта шуд. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон АШӮРАЛИЗОДА ҳамсуҳбат гардид. Номбурда Фармони мазкурро чунин шарҳ дод:
—Мутобиқи сархати якуми банди 1-и Фармони мазкур, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Яъне, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, масалан, муаллими мактаби миёна (синфҳои ибтидоӣ), ки маълумоти олӣ ва дараҷаи якумро доро мебошад, барои як басти корӣ 793,5 сомонӣ музди меҳнат мегирад ва ё муаллими мактаби миёна (синфҳои ибтидоӣ), ки маълумоташ миёнаи касбӣ асту умуман дараҷа ё категория надорад, музди меҳнаташ ба 563,5 сомонӣ расид.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг ва варзиш, ки имрўзҳо ба ҳисоби миёна 1102,72 сомониро ташкил медиҳад, аз 1 сентябри соли 2018 1268 сомонию 13 дирамро ташкил медиҳад. Ба ҳамин монанд музди меҳнати кормандони илм аз 1179,64 сомонӣ ба 1356 сомонию 60 дирам баланд карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ ба маблағи 265 сомонӣ муқаррар мегардад. Дар ин асно, музди миёнаи кормандони ин соҳа аз 782,4 то ба 900 сомонӣ баланд карда мешавад.
Дар асоси Фармони мазкур музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ ба андозаи 15 фоиз баланд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 540 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Яъне мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии вазорату идораҳои давлатӣ, ки агар собиқаи давлатиаш аз 5 сол зиёд бошад (бо коэффитсиенти ҷадвали тарифии 1,80) 1080 сомонӣ музди меҳнат мегирад ва ё сардори шуъба дар ҳамин мақомот бо назардошти собиқаи 3 сола 1690 сомонӣ музди меҳнат мегирад.
Музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад ва андозаи он аз 400 – 700 сомонӣ то ба 460 -800 сомонӣ боло бурда мешавад.
Дар асоси сархати 5-6 банди якуми ин Фармон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуда, маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 600 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 540 сомонӣ муқаррар мегардад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба андозаи 15 фоиз муайян карда шуд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷуён аз 819 сомонӣ ба 942 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 983 сомонӣ ба 1130 сомонӣ расонида мешавад.
Стипендияҳои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, ба ҳисоби миёна аз 103 сомонӣ ба 118 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 181 сомонӣ ба 208 сомонӣ расонида мешавад.
Ҳамаи ин иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»