Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткоронро ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки боиси марги шаҳрвандони Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Швейтсария ва Шоҳигарии Нидерландия гардидааст, қотеона маҳкум намуда, ба хешу табори фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият менамояд.
Дар изҳорот, аз ҷумла омадааст:
Шӯрои ҷамъиятӣ чунин мешуморад, ки мақсади асосии гурӯҳи ҷинояткор, пеш аз ҳама, халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар мебошад. Дар кишвари мо имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва ин амали разилона кӯшиши зарба задан ба мақому мартабаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ба ин васила онҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки омили муҳими рушди соҳа – барои сайёҳон дар Тоҷикистон амният вуҷуд надорад. Аммо онҳо ба мақсади ғаразноки ҷинояткоронаи худ нарасиданд ва нахоҳанд расид.
Тавре ки мо хабардор шудем, ин ҷиноятро гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст ва ин амали қаблан аз ҷониби онҳо тарҳрезишудаи террористиро дастпарварони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* иҷро карданд.
Ин ба он ҳушдор медиҳад, ки онҳо аз кирдорҳои ғаразноки худ даст накашидаанд ва бо дастури хоҷагони хориҷии худ нисбат ба миллат ва давлати Тоҷикистон мақсадҳои нопок доранд. Бинобар ин, ҳар як фарди солими ҷомеа бояд доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳон бохабар бошад ва тавре Пешвои миллатамон таъкид намудаанд, ягон лаҳза зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин ҳодисаи номатлуб ҳамгиро бошанд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз тадбирҳои пешгиронаи фаврии ниҳодҳои дахлдори давлат ҷиҳати дастгир ва безарар гардонидани гурӯҳи террористӣ қаноатманд буда, аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар даъват ба амал меорад, ки нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ бетараф набошанд, барои пешгирии ин гуна кирдорҳои разилона талош варзида, ҳар ҳодисаи номатлубро пайгирӣ кунанд ва нагузоранд, ки ягон нохалаф сулҳу субот ва оромии кишварро халалдор созад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, мардуми шарифи он барои ҳамешагӣ роҳи сулҳу суботро, ки омили асосии тараққӣ ва пешрафти кишвар аст, интихоб кардаанд ва ҳеҷ нерӯ наметавонад мавқеи пешгирифтаи моро дигар кунад.
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди давлат дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хешро мегузорад.
Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»