Дирӯз ба почтаи электронии АМИТ «Ховар» аз номи ҷамъияти «Тоҷикони Малайзия» изҳорот ворид гардид. АМИТ «Ховар» изҳороти мазкурро пешкаши хонандагони худ мекунад.
«Ҳамватанони азиз! 27 июни соли равон Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиямон дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз он ботантана истиқбол гирифта шуд. Мо шоҳиди шодию хурсандии самимонаи мардум гаштем. Ҷашну хурсандӣ зери садои фараҳбахши карнаю дафу доира, гашту гузори пиру ҷавон дар либосҳои идона дар раставу хиёбонҳои зебову ободи кишварамон махсусан моро, ки дур аз Ватан дар хориҷ кору зиндагӣ мекунем, ба ваҷд овард.
Табиист, ки ҳамдиливу иттиҳоду ваҳдати миллати тоҷик душманони дохилӣ ва берунии моро ба хашм меорад, зеро онҳо тавони дидани сарҷамъии миллатро надоранд. Онҳо ором намешинанд ва пайваста аз пайи бофтани дасисаву фитнаҳои нав ҳастанд.
Мо аз тариқи дӯстону бародарони худ дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон огоҳ гаштем, ки душманои ашаддии миллат – роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ пас аз сипарӣ шудани 20 рӯзи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар як шаҳри бегона бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷиашон Рӯзи ваҳдатро ҷашн гирифтанӣ ҳастанд.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Малайзия машғули кор ва таҳсил ҳастем, ин тасмими аз як тараф хандаовар ва аз тарафи дигар муғризонаи гурӯҳи душманонро дар хориҷи кишвар маҳкум мекунем. Бо истифода аз фурсат, аз онҳо даъват мекунем, ки аз роҳи хатои худ баргарданд ва дар назди миллати бузурги худ тавбаву надомат кунанд, бахшиш пурсанд. Ба корҳои созанда машғул шаванд ва ҳар ҷашнеро агар ид кардан мехоҳанд, дар иҳотаи хешу ақрабо ва ёру дӯстону ҳаммилатони хеш ҷашн бигиранд.
Зинда бод Тоҷикистон ва мардуми шарифи он!»
АМИТ «Ховар»