Моҳи сентябри соли равон коршиносон аз Франсия ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон корҳои амалиро ҷиҳати интихоби нигораҳои таърихии Тоҷикистон барои Намоишгоҳи Франсия шурӯъ мекунанд. Намоишгоҳ аввали соли 2019 баргузор шуда, нигораҳо тӯли се моҳ дар шаҳри Париж ба маърази дӯстдорони таърих ва осорхонаҳо гузошта мешаванд.
Дар робита ба ин дирӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Созишнома байни Тоҷикистон ва Франсия оид ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё- «Гиме» ба имзо расид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Созишномаро дар ҳузури Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ки роҳбари баргузории намоишгоҳи мазкур аст, ба имзо расонид.
Баъди имзои созишнома Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи номдори «Гиме» иқдоми хуб буда, онро метавон муаррифи арзандаи таърихи халқи тоҷик ба ҷаҳониён арзёбӣ намуд.
Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ба имзорасии созишномаи тарафайн далели боварӣ ба ҳамкории судманд ва оғози марҳилаи амалии корҳои омодагӣ мебошад.
АМИТ"ХОВАР"