Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
“Қалъаи Муғ” таърихи қадима дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр ва сайёҳон ифтитоҳ гардид.
Маблағи умумии корҳои азнавсозӣ беш аз 13 миллион сомонӣ ва масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон, пешбинӣ шудааст. Дар корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иштирок кардаанд, ки сифати кори онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои баланд гирифт.
Пеш аз иштирок дар ҷамъомади бошукуҳи идона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои аҳли ҳунари шаҳрро тамошо карданд.
Дар гушаҳои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҳудуди майдони Қалъаи Муғ баргузор гардид, беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои саноатии шаҳр ба маъраз гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи кори меҳнаткашони шаҳри бостонии Истаравшан баҳои баланд дода, эҳё ва рушди ҳунарҳоро дар соли 2018 — “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” беҳтарин иқдом маънидод карданд.
Мавриди зикр аст, ки мардуми шаҳр дар хориҷи кишвар бо ҳунарҳои дастии худ маълуму машҳуранд ва таъриху фарҳанги ғанию қадимаи миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ мекунанд.
Баъди ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди фаъолони шаҳри Истаравшан суханронӣ карда, сокинони шарафманди шаҳри бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”, ки дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сокинони меҳнатқарини шаҳри Истаравшан барои истиқболи самимии Пешвои миллат ҷамъ омада буданд.
Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат аз тадбир ва ҳадафи эълони 2018 – ум “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеъи кишварамон барои пешрафти ин соҳаи муҳим, бахусус, ободии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Таҷдиду барқарорсозии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар онро самараи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон маънидод карданд. Зимни суханронӣ ҳамчунин Сарвари давлат оид ба дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди шаҳраку деҳоти нав ва дигар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар ин шаҳри бостонӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ҷонибдории мардуми шаҳри Истаравшан аз сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар, андешаронӣ карданд
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдории самимона аз пазироӣ ва истиқболи гарми мардуми соҳибмаърифати шаҳри Истаравшан бори дигар фарорасии ҷашни Ваҳдати миллиро муборакбод гуфтанд.
Ҷамъомади идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.