Муносибати давлат ба дин дар даврони созандаи Истиқлолият

Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд, вале пайдоиши илмҳои диншиносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардидааст. Бо вуҷуди он ки дар самти таҳқиқу омӯзиши ин илмҳо дастовардҳои назаррас арзи вуҷуд кардаанд, аммо ин таҳқиқот  асосан дар партави ҷаҳонбинии материалистӣ, ки заминаи онро назарияи марксистӣ доир ба дин ташкил мекард, сурат мегирифт. Аз ин рӯ, илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар замони Шӯравӣ хусусияти идеологӣ касб карда буданд. Дар он замон он идеологияе, ки ба ҷаҳонбинии материа­листӣ такя карда, таълимоти марксистиро зоҳиран қабои худ таъйин намуда буд, хусусияти русгароӣ дошт ва манфиати миллати ҳокимро ифода мекард. Бинобар ин, зимни мубориза бо дин на танҳо ба анъана, расму оинҳои динӣ, ҳамзамон ба арзишҳои миллии халқҳои маҳаллӣ ва кӯчак фишор оварда мешуд.

Дар замони Шӯравӣ бо сабаби хусусияти идеологӣ касб кардани илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар ин илмҳо дин на ҳамчун як унсури тамаддуни башарӣ ва як зинаи ногузири ташаккули шууру ҷаҳон­бинии инсоният баррасӣ мешуд, балки ба он ҳамчун як падидаи комилан манфии таърихи инсоният баҳо медоданд. Ба тарзи дигар гӯем, принсип­ҳои марксистии  муносибат ба дин дар асл вайрон карда мешуданд. Дин дар ҳошияи таърихи башар қарор гирифта, нақшу таъсири он ба шууру тафаккур ва тарзи ҳаёти иҷтимоии мардум, ба хусус қишри ноогоҳи ҷомеа дуруст баҳогузорӣ намегардид.

Ин ҷо ба назари ман, як нуктаи муҳимро бояд таъқид кард, ки албатта, дар ин давра ҷаҳонбинии дунявӣ (на материалистию атеистӣ) хеле тараққӣ карда буд. Аммо ҳизби коммунистӣ ҷаҳонбинии дунявиро бо ҷаҳонбинии илмӣ-атеистӣ айният дода, онро ба инобат намегирифт, ки ҳанӯз шуури аксарияти шаҳрвандони шӯравӣ, ба хусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар зери таъсири дин қарор дораду тарзи зиндагии онҳо ба хусусиятҳои суннатӣ вобаста аст.

Бо оғоз ёфтани бозсозии горбачевӣ ва рушди анъанаҳои демократӣ ҳамаи ин хатоҳои назариявию амалӣ ба рӯи об баромаданд. Маълум гардид, ки ба масъалаи нақшу таъсири дин дар тафаккур ва ҳаёти иҷтимоии мардуми шӯравӣ баҳои дуруст дода нашудааст ва ҳодисаҳои солҳои навадуми садаи ХХ дар Тоҷикистон бозгӯи возеҳи он мебошанд.

Дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ раванди азнавсозии ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодии кишвар бо ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муносибати давлати миллии дунявӣ ба дин тағйиру таҳаввул пайдо кард, балки ҳамзамон илмҳои диншиносиву исломшиносӣ низ аз бунбасти идеологию сиёсисозӣ берун баромада, бо назардошти назокатҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва манфиатҳои умумимиллӣ бо усулу равишҳои нав такмилу тараққӣ ёфтанд.

Муҳимтарин дастоварде, ки дар соҳаи муносибат ба дин ва дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносию исломши­носӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба даст омад, ҳамин буд, ки мо тавонистем буҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию динӣ зоҳир мегардид, бартараф намуда, ба ғайри­ақи­датӣ сохтани мабдаи диниву дунявӣ дар зиддиятҳои сиёсии байни мардуми кишвар ноил шавем.

Мусаллам аст, ки низои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ бунёди ақидатӣ дошт, зеро Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст оварда, ҳанӯз ба сабаби дар он ҷавону заиф будани демократия, ба гуфтаи М. Давлатзода «… тайёр набуд, ки бо ситезаҷӯии ақидатии дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавоби мутобиқ диҳад. Коммунизм ба сифати мафкураи дунявӣ дар амал беасар карда шуда буд.  Ягона алтернатива амалан бунёдгароии исломӣ гардида буд», ки аз ҷониби ҲНИТ пиёда мегардид. ҲНИТ демократияро «исломӣ» сохтанӣ шуда, суботу амнияти ҷомеаро хароб карда, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери хатар гузошт. ҲНИТ бо пуштибонии «дӯстони хориҷиаш» кӯшиш ба харҷ дод, ки исломи суннатиро дар кишвар ба исломи бунёдгароӣ табдил диҳад ва тамоми масоили ҷамъиятию сиёсиро на дар асоси ақидаи исломи ҳанафӣ, балки тибқи талаботи исломи бунёдгароии сиёсикунонидашуда ҳаллу фасл намояд. Ҳамин тариқ, дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ бо сабаби мавқеи зиддимиллӣ ишғол кардани ҲНИТ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низои динӣ-сиёсӣ на танҳо дар байни ақидаи исломию дунявӣ (коммунистӣ), балки инчунин дар байни ақидаи исломи бунёдгарои аз хориҷ таҳмилшуда ва исломи суннатӣ (ҳанафия) ба вуҷуд омад. Ин низои ақидатӣ-сиёсӣ ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистонро як муддат гирифтори буҳрони мураккаб кард. Барои Ҳукумати кишвар зарур буд, ки ба хотири созиши тарафҳои даргир ва ваҳдати миллӣ ақидаҳои мухталифи хусусияти сиёсӣ касбкардаро ба ҳам наздик созад. Ин зарурат ғайриақидатӣ сохтани мабдаи динию дунявиро дар низои сиёсии байни тоҷикон талаб мекард, зеро дар тафаккури исломгароён дунявият ҳамчун ақидаи атеистии зид­ди­динӣ боқӣ монда буд ва чунин фаҳмиш аз даврони шӯравӣ сарчашма мегирифт, ки дунявият ба атеизм айният дода мешуд.

Дар кори ғайриақидатӣ сохтани мабдаи диниву дунявӣ ва ба ҳам наздик овардани онҳо қабули Конститутсияи миллӣ дар соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нақши бориз бозид. Дар матни Конститутсия дар баробари эълони низоми дунявии давлатдории миллӣ таъкид гардид, ки «дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Интихоби чунин шакли низоми давлатдорӣ натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи таърихии давлатдории миллӣ дар як вақт барои ғайриақидатӣ сохтани ҳам мабдаи динӣ ва ҳам мабдаи дунявӣ буд ва он барои наздик сохтани тарафҳои даргир ва ноил шудан ба ваҳдати миллӣ заминаи ҳуқуқӣ бунёд кард. Яъне дунявият дар низоми давлатдории навини тоҷикон мазмуну моҳияти тоза касб намуд, чӣ мафкураи динӣ ва чӣ дунявӣ ҳуқуқи баробарро соҳиб шуда, ҳамчун эътиқоди фардии шахс эътироф гардиданд ва имконияти ақидатию сиёсӣ сохтани ҳама  гуна мафкура дар заминаи таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ аз байн рафт.

Раванди ғайриақидатӣ сохтани мабдаъҳои диниву дунявӣ минбаъд дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ба хусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо инкишоф ёфт. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар асои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат раванди ғайриақидатӣ сохтани ҳама гуна мафкураро дар низоми давлатдории навини тоҷикон ташаккул дода, барои ҳифзу суботи кишвар ва амнияти давлатию миллӣ заминаҳои ҳуқуқиро таъмин намуд. Инро метавон як дастоварди бузурги идеологию сиёсӣ дар замони истиқлолият номид, ки барои сарҷамъ кардан ва ба созанда­гию бунёдкорӣ ҳидоят намудани мардум замина муҳайё сохт.

Ҷудо кардани дин аз сиёсат ва ғайриақидатӣ сохтани мабдаи динию дунявӣ дар раванди гузариш аз низоми шӯравӣ ба низоми демократии давлатдорӣ ва таҳкими боварӣ миёни исломгароён ва дунявигароён ҳамзамон барои танзими осоиштаи муносибати давлат (ҳокимият) ва дин имконият фароҳам овард. Дар натиҷа усули нави муносибати давлат ба дин таҳия гардид, ки он, пеш аз ҳама, дар муносибати фарҳангии давлат ба дин таҷассум меёбад. Давлати навини тоҷикон ба хотири амну субот ва ваҳдати мардуми кишвар ҳарчанд ягон мафкура, аз ҷумла динро ба ҳайси мафкураи расмӣ намепазирад, вале он бо ҳамин васила барои рушди дин ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ заминаҳои ҳуқуқиро эҷод намуд. Маҳз ҷудоии дин аз сиёсат имкон дод, ки дин ҳамчун як падидаи фарҳангӣ аз нав нафаси тоза кашад ва дар қонеъ сохтани талаботи эътиқодӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон саҳм гирад. Ҳамчун падидаи фарҳангӣ шинохтани дин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар баромаду паёмҳо ва ба хусус, суханрониҳои Пешвои миллат доир ба асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит ҳаматарафа инъикос ёфтаанд.

Воқеан, дар асоси талаботи демократӣ ва озодии виҷдон муайян кардани муносибати давлат ба дин фаҳмиши дурустро дар масъалаи табодули тарафайни давлату дин ташаккул дод. Маҳаки чунин фаҳмишро чунин ғоя ташкил медиҳад, ки ҷудоии дин аз давлат маънои ҷудоии мутлақро надошта, танҳо маънои ҷудоии дин аз сиёсат, яъне дастгоҳу мақомоти давлатиро дорад, то ки ягон гурӯҳ натавонад аз тариқи дастгоҳҳои давлатӣ динро барои мақсадҳои муғризонаи худ ва вайрон кардани амну суботи ҷомеа истифода барад. Инро ҳодисаҳои нохуши 4-уми сентяби соли 2015, ки аз ҷониби муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода сурат гирифта буд, собит месозад. Таҷрибаи давлатдории миллии тоҷикон дар даврони истиқлоли­ят собит сохт, ки маҳз муносибати фарҳангии давлати миллии дунявӣ ба дин метавонад ба манфиати ҳам давлату ҳам дин хизмат кунад.

Беҳуда нест, ки маҳз дар заминаи чунин тарзи муносибат ба дин дар замони истиқлолият худшиносӣ ва эҳёи динӣ ба рушди дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа ниҳодҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоси фарҳангӣ ишғол намуданд, адади масҷиду муассисаҳои маорифи динӣ ба миқдори зиёд афзун ёфта, нашри адабиёти динӣ, ба хусус Қуръони Карим ва сарчашмаҳои дигар ба миллионҳо адад расид ва миқдори зоирони хонаи Каъба сол ба сол меафзояд. Ҷашн гирифтани зодрӯзи арбобони динӣ, ба мисли Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, ҷаласаҳои илмӣ бахшида ба эҷодиёти Мотрудии Самарқандӣ ва дигарон, рӯзҳои истироҳат таъйин гардидани идҳои Фитру Қурбон ва ғайраҳо низ ба эҳёи арзишҳои динӣ такони зиёд бахшида, аз бемайлон ташаккул ёфтани муносибати фарҳангии давлати миллии дунявӣ ба дин шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дунявиятро ҳамчун низоми давлатдорӣ ва динро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ пазируфтан дар замони истиқло­лият илмҳои диншиносию исломшиносиро аз бунбасти идеологию сиёсӣ озод намуд ва барои рушди бунёдии онҳо мусоидат кард. Аз ҷумла, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов  шуъбаи «Таърих ва фалсафаи дин» фаъолият мекунад, ки ба омӯзиши масъалаҳои исломшиносӣ ва фалсафаи ислом дар шароити ҷаҳонишавӣ машғул аст.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин давра он аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2008 як муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва тарғиботии нав зери унвони «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки аз панҷ шуъба иборат буда, ба омӯзишу таҳқиқи илмии масоили исломи муосир, сиёсати давлати дунявӣ нисбат ба дин, анъанаву маросимҳои исломӣ, тарҷумаю таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои исломӣ, омӯзиши вазъи дину диндорӣ, ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дигар масоили марбут ба диншиносӣ машғул аст. Ин ниҳоди илмӣ тӯли ин солҳо ба роҳбарияти олии кишвар доир ба масъалаҳои мубрами исломшиносӣ хулосаҳо, таҳлилу пешниҳодҳои илмӣ ва ташхиси маҳсулоти чопии дорои хусу­сияти диниро манзур намуда, ҳар сол ду маротиба дар мавзӯъ­ҳои муҳими диншиносиву исломшиносӣ конфронсҳои ҷумҳу­рия­вӣ ва минта­қавӣ, машваратҳои тахассусӣ ва вохӯрию мулоқот ташкил менамояд.

Дар соли 2015-2016 Маркази исломшиносӣ китобҳои «Хусусиятҳои равандҳо ва характер­ҳои сиёсӣ-идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ», «Усули дин»-и Абӯюср Муҳаммади Баздавӣ, «Маҷмӯаи мақолаҳои Конф­рон­си ҷумҳурия­вии илмӣ-амалии «Ифрот­­га­­роии салафӣ: масъалаҳои давлатдо­рии дунявӣ ва ҳиф­зи ҳувияти миллӣ (27 майи соли 2015) » ва китобчаи «Фарҳанги рӯзадорӣ»-ро аз чоп баровар­да, дастраси мутахассисон, оммаи васеи хонандагон ва рӯҳониё­ну диндорон гардонид. Марказ дар тарғиби донишҳои динши­носию исломшиносӣ дар байни шаҳрвандон низ саҳми калон дорад. Дар айни замон Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири марказ дар доираи мавзӯи илмии худ доир ба мақоми ислом ва вазъи динӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар назарсанҷиҳои сотсиологӣ анҷом медиҳад. Роҳбари­я­ти марказ натиҷаи ин пурсишҳоро хулоса ва таҳияву коркард намуда, ҷамъбасти ниҳоии онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва мақомоти дахлдор ирсол менамояд.

Дар айни замон бояд ёдрас шуд, ки сарфи назар аз он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар замони истиқлолият ба даст овардаанд, баъзан душманони ғоявии мо барои афрӯхтани низоъҳои сиёсию динӣ кӯшиш менамоянд бе ягон асосу далел сиёсати давлати дунявии моро нисбат ба дин нодуруст баҳогузорӣ намоянд. Масалан, вақте ки сухан дар бораи озодии эътиқоди динӣ меравад, онҳо мегӯянд, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии эътиқоди динӣ маҳдуд карда шудааст. Вале дар асл дар зери шиори озодии эътиқоди динӣ ин душманони ғоявии мо кӯшиши озодона паҳн кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротии диниро, ба мисли ақидаҳои салафигароӣ, ҳизбуттаҳрирӣ, ихвонӣ, ансоруллоҳӣ, ҷиҳодӣ ва ғайра мефаҳманд, ки ба вайрон кардани назму субот ва амнияти ҷомеаи мо нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон бояд гуфта шавад, ки ҳарчанд имрӯз дар низоми давлат­дории кишвари мо мабдаъҳои динию дунявӣ аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ғайриақидатӣ карда шудаанд, вале назарсанҷиҳои сотсиологӣ нишон  медиҳанд, ки ба сабаби дар кишвар ҳанӯз ҷой доштани пайравони ҳара­кат­ҳои тундрав ва ифротӣ заминаҳои низои динӣ-сиёсӣ байни мазҳаби суннатии ҳанафия ва исломи бунёдгароӣ пурра аз байн нараф­тааст. Чунин вазъият тақозо мекунад, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст нади­ҳем, зеро ин гуна неруҳои аҳриманӣ, ба мисли ДИИШ танҳо барои нобуд сохтани дастовардҳои миллию фарҳангӣ, динию эътиқодӣ, осори мусиқию ҳунармандӣ, мактабу театрҳо, донишкада­ву филармония ва амсоли инҳо равона гардидаанд.

Бинобар ин, рӯҳонияти суннатӣ, пайравони мазҳаби  ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия ва ҳар фарди ҷомеаи мо бояд ҷиддияти ин ҷанбаи мавзӯъро дуруст дарк намоянд.

Рӯзноманигорон пеш аз он ки дар бораи озодии эътиқоди динӣ матлабе таҳия намоянд, бояд ҳадафҳои сиёсии душманони ғоявии дохилию берунии моро ҳаматарафа таҳлил карда тавонанд ва волоияти манфиатҳои миллиро фаромӯш накунанд. Ҳар кадом фарди ҷомеа, аз рӯҳониён сар карда, то шаҳрванди қатории кишвар бояд донад, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи давлати миллии дунявии мо нисбат ба дин имкон медиҳад, ки мо ба муқобили чунин падидаи хатарноки аср – ифротгароию терроризми динӣ истодагарӣ намоем, паҳншавии ин падидаҳои вайронсозандаи амну суботи ҷомеаро пешгирӣ намоем ва дар рӯҳияи ватандорию миллатдӯстии насли ҷавон муваффақ шавем.

Қамар Нурулҳақов,   мудири  Шуъбаи
пажӯҳиши исломи муосири
Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags: