Сарвазири Ироқ дар бораи шикасти ҳарбии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» хабар дод

Ироқ гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шикасти ҳарбӣ дод, вале ғалабаи ниҳоӣ пас аз пок сохтани минтақаҳои саҳроии кишвар эълон хоҳад шуд. Дар ин бора сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ зимни суханрониаш, ки тавассути телевизиони давлатӣ пахш мегардид, изҳор дошт.

«Ба ташкилоти «Давлати исломӣ» дар Ироқ шикасти ҳарбӣ расонида шуд», — гуфт ал-Ибодӣ. Ба иттилои ӯ, террористони «Давлати исломӣ»-ро неруҳои ироқӣ шикаст додаанд, чунки ҳеҷ қувваи дигаре дар ҳудуди Ироқ вуҷуд надоштааст.

«Мо ғалабаи ниҳоиро бар гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» пас он, ки таъқиби қувваҳои тақсимшудаи онро дар биёбон ба анҷом мерасонем, эълон хоҳем кард», — афзуд сарвазири Ироқ.

Ҳамчунин ӯ пешакӣ огоҳ намуд, ки ихтилофҳои сиёсӣ ба «Давлати исломӣ» имкон медиҳанд, ки амалҳои террористии нав анҷом диҳад.

АМИТ "Ховар"