Тавре хабар додем, имрўз, 18 — уми майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 — солагӣ аз олам даргузашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ кору фаъолият дошт.
Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.
Номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».
АМИТ "Ховар"