Бахшида ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2018 дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро ба намоиш мегузоранд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкории фарҳангӣ ва муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо мебошад.
АМИТ "Ховар"